Муинуддини Ҷувайнӣ

Муинуддини Ҷувайнӣ (? — 1381) — ориф, сӯфӣ[1], нависанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик, муаллифи «Нигористон» ва «Аҳсану-л-қассас».

Муинуддини Ҷувайнӣ
форсӣ: معین‌الدین جوینی
Навъи фаъолият: нависанда, шоир

Зиндагинома

вироиш

Мавлоно Муинуддини Исфароинӣ ал-Ҷувайнӣ бо тахаллуси Муин ва Муинӣ шуҳрат ёфтааст. Мувофики маълумоти бисьёр кӯтоҳу сатҳии аз сарчашмахо ба даст даромада, Муинуддин дар дех, аи Андозаи наздики Ҷувайн ном мавзеи Хуросон ба дунё омада, кариб 20 сол дар музофотҳои гуногуни Хуросон ба таҳсили соҳаҳои гуногуни илму адаби он давра пардохтааст. У дар айёми ҷавонӣ ба ҳузури донишманди маъруфи замон Мавло­но Фахруддин Холидии Исфароини рох ёфта, муддатхо аз файзи таълими аи баҳра мебардарад ва ифтитори шогирдии уро дарёфт менамояд. Баъд аз анчоми таҳсил ва фаро гирифтани илму донишҳои маъмулии замоп Муи­нуддин ба Озарбойчоиу Ирок, рафта, ба корҳои маъму-рйю давлатӣ щу^л меварзадва дар оолп 781 х. (1379 м.) аз олам мегузарад. Аз мероси адабии ӯ ягона асаре, ки то кунун махфуз мондааст, и" «Нигористон» ном китоб мебошад. Нусхаҳои дастнависи зиёди ин асар дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон нигоҳ дошта мешаванд. Дар тули карнхо ба микдори зиёд китобат карда шудани «Нигористон» аз шуҳрати фаровон доштаи ва макбули доираи васеи хонандагони даврони гузашта будани он шаходат медиад.

Нигористон

вироиш

«Нигористон», ки таълифаш дар соли 735 х. (1334—1335 м.) сурат гирифтааст, бо насри махлут бо назм на-вишта шуда, ба пири рухонии муаллиф Шайх Саъдуддин Юсуфи Хуммулӣ пабераи суфии машҳур Саъдуддин Мухаммад Хуммулӣ (вафоташ соли 650 х. {1252 м.) бахшида шудааст.