Мулки Фарғона - мулкест дар водии Фарғона, ки дар сарзамини имрўзаи Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир аст.[1]

Дар водии Фарғона низ иттиҳоди сиёсӣ ё давлати феодалии Фарғона Мулки Фарғона вуҷуд дошт. Дар қадим ин мамлакатро Даван, Бохан, Паханна ва Фрагана, подшоҳонашро бошад, «ихшид» меномиданд. Пойтахти он дар шаҳри Ахсикат ҷой гирифта буд. Даван дар шимол бо Ҳафтрӯд дар ғарб бо Чочу Илок, дар ҷанубу ғарб бо Суғд, дар ҷануб бо Тахористон ва дар шарқ бо воҳаҳои Туркистони Шарқӣ ҳамсарҳад буд.

Дар асрҳои VI-VIII дар Фарғона деҳқонӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ, инчунин тиҷорати дохилию хориҷӣ ривоҷ ёфта, пояҳои мустаҳками иқтисодӣ дошт. Дар ин айём Фарғона Мулки Фарғона мулк давлати нисбатан пуриқтидор маҳсуб шуда, дар ҳаёти сиёсии Варазруд нақши калон мебозид. Дар он аксаран халқияти эронинажоди суғдӣ, ки пасон асоси халқи тоҷикро ташкил намуданд, сукунат доштанд.[2]

Адабиёт

вироиш
  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 72.

Портал:Таърих