Воқиф (форсӣ: واقف‎), Мулло Паноҳ (1717, деҳаи Қайроқи Салоҳлӣ, ҳозира ноҳияи Казохи Озарбойҷон — 1797, Шуша, Озарбойҷон) — шоир ва ходими давлатӣ, яке аз асосгузорони адабиёти вуқӯъгаройии Озарбойҷон.

Муллопаноҳи Воқиф
озарбойҷонӣ: ملاپناه واقف
Таърихи таваллуд: 1717[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1797[1][2][3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 17591797
Жанр: шеъри ғиноӣ[d], Q6605273? ва ғазал
Забони осор: озарбойҷонӣ[4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, ба ҷуз адабиёти классикии форсию озарӣ аз илмҳои расмии замон, мусиқӣ, нуҷум ва ғ. ба хубӣ огоҳӣ дошт. Воқиф забонҳои форсӣ ва арабиро медонист. Ба қавли акад. АИ Озарбойҷон Азиз Мираҳмадов: «Воқиф бо мероси ҷаҳонии олами адаби Шарқ — Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Хоқонӣ, Насимӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва Фузулӣ сабзидаву ба камол расидааст». Баъдан ӯ мактабдор шуда, дар байни мардум эътибори бузург пайдо кард. Ҳокими Қарабоғ ӯро ба дарбор даъват намуда, вазири корҳои хориҷӣ таъйин намуд. Воқиф дар охири умр қурбони дасисаҳои дарборӣ гардида, ба қатл расонда шуд. Душманони Воқиф хонаи ӯро ғорат карда, нусхаҳои дастнависи осорашро оташ заданд. Аз сабаби он ки шеърҳои Воқиф байни омма машҳур буданд, аз байн нарафтанд. Бори нахуст маҷмӯаи ашъораш аз зеҳни мардум гирдоварӣ шуда, соли 1856 дар Тифлис ба забони озарӣ ва соли 1945 нашри мукаммали он дар Боку ба табъ расонда шуд. Воқиф дар анвои адабии ғазал, дубайтӣ, мухаммас, мустазод ва ғ. шеър гуфтааст. Ғазалҳояшро ба вазни арӯз ва дубайтиҳояшро ба вазни ҳиҷоӣ эҷод кардааст. Воқиф дар шеърҳои ишқиаш аз ишқи заминӣ (воқеӣ) ва маҳбубаи заминӣ сухан рондааст. Шеърҳояш бештар ба ашъори ошиқонаи Ҳофиз ва Фузулӣ ҳамоҳангӣ доранд.

Ашъори ошиқонааш воқеӣ ва ҳаётдӯстона буда, ба таронаҳои ишқии мардумони Қафқоз рӯҳпайвандӣ доранд. Дар шеърҳояш тасвири воқеъбинона ҳис мешавад. Соли 1968 халқи Озарбойҷон ва дигар мардумони Қафқоз 250-солагии Воқиф-ро ҷашн гирифтанд.

  • Вагиф М. П. Эсэрлэри. Бакы, 1968.
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Faceted Application of Subject Terminology
  3. 3.0 3.1 NUKAT — 2002.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • Самад Воқиф Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал. Д., 1991;
  • Мираҳмадов А. «Вагиф кулур.ағлайыр» (Воқиф механдад ва мегиряд.) // Рӯзномаи «Адабиййат ва инҷесенет» (19. 02. 1977).

Сарчашма

вироиш