Муллорозиқ Бобоҷонов

Муллорозиқ Бобоҷонов (тав. 1894[1], деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд — 1968, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1946.

Муллорозиқ Бобоҷонов
Таърихи таваллуд 1968(1968)
Зодгоҳ деҳаи Ёва, ноҳияи Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1968(1968)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Хуҷанд
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома

вироиш

Муллорозиқ Бобоҷонов то соли 1927 чоряккор, 1928—1965 колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи пахтакорӣ, мудири участкаи колхози ба номи Сталин (ҳоло «40-солагии Октябр»)-и ноҳияи Хуҷанд буд. Аз соли 1960 нафақахӯри шахсӣ. Бригадаи Муллорозиқ Бобоҷонов солҳои 1946—1947 ҳосили баланди пахтаи маҳиннах рӯёнд.

Ордену медалҳо

вироиш

Бо ордени Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш