Муллошариф Раҳимов
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Муллошариф Раҳимов (тав. с.1902, ноҳияи Ёвон –ваф. 18. 02. 1985, Душанбе), иштирокчии фаъоли Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Узви КПСС аз с.1940. С. 1921 дар кори Кумитаи инқилобии тумани Ёвон иштирок кард. С. 1922 яке аз аввалинҳо шуда отряди ихтиёрӣ ташкил намуд ва ба муҳофизати Ҳокимияти Шӯравӣ камар баст. С. 1925 раиси Кумитаи инқилобии Ёвон, с.1926 раиси Комиҷроияи вил.Ҳисор интихоб гардид. С.1929-58 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи шӯравӣ ва хоҷагии Тоҷикистон буд. Аз с.1959 нафақахӯри шахсӣ. Бо орденҳои Байрақи Сурх, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2), «Нишони Фахрӣ», ордени Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 463-464