Мулло Муҳаммадиброҳими Ғубор
Мулло Муҳаммадиброҳим Ғубори Балхӣ (форсӣ: ملا محمد ابراهیم غبار بلخی; ? — 1681, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш Балх мадрасаро хатм карда, сипас бо даъвати Абдулазизхони Аштархонӣ (ҳукмронӣ 1645—1674) ба Бухоро омадааст. Дар хидмати дарбор буд ва Абдулазизхон ба ӯ илтифот дошт. Сипас ба Ҳиндустон сафар карда, бо шоирону донишмандони он ҷо мусоҳиб шудааст. Ба Бухоро баргашта, бо амри Абдулазизхон чанд муддат дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро ба тадрис машғул шуд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ рисолаҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Намунаҳои шеъраш тавассути тазкираҳо ва баёзҳо то замони мо расидаанд. Абёти зер аз ӯст:
Бунафша гирди сараш гашту ман парешонам,
Ки ин шикастазабон ҳарфи зулф мегӯяд.
Ҳамчун нигин зи номи ту пур шуд даҳони мо,
То номи дигаре наравад бар забони мо.
Савдои сӯхтан зи сари мо намеравад,
Чун шамъ агар сафед шавад устухони мо.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғубор / М. Низомов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.