Мунира Ҳакимова

наттоқи тоҷик

Мунира Нарзуллоевна Ҳакимова — яке аз ровиён ва наттоқони хушсадо ва шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (1998). Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мунира Ҳакимова
Ном ҳангоми таваллуд Мунира Нарзуллоевна Ҳакимова
Таърихи таваллуд 15 апрел 1958(1958-04-15)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 23 май 2020(2020-05-23)
Маҳалли даргузашт Душанбе

Зиндагинома

вироиш

Мунира Ҳакимова фаъолияти кориашро ҳамчун техники сабти овози Киностудияи «Тоҷикфилм» (1975-1976), китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе (1976-1987), наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-2004). Сарпродюссери Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2008). Аз соли 2009 - директори Кохи Ҷомӣ буд. Ӯ раҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонр ва чанд вазифаҳи дигар кор кардааст.[1].Мунира Ҳакимова дар баробари ровигӣ дар барномаҳои давлатӣ, инчунин, дар базму маъракаҳо иштирок карда, бо ҳунари баланду садои марғуладор онҳоро дар сатҳи баланд мегузаронд.[2] Мунира Ҳакимова, наттоқи маъруфи телевизиони Тоҷикистон рӯзи 23 май соли 2020 дар синни 63-солагӣ даргузашт. Табибонаш гуфтаанд, ки ӯ гирифтори “илтиҳоби шуш” буд.[3].

Эҷодиёт

вироиш

Аз синни 6 солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои «Насимӣ» (Озарбойҷон), «Субҳи ин ҷо сокит аст» (Мосфилм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Бирав ва бубин», «Воқеа дар фурудгоҳ» ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст. Таҳиягар ва мурат. барномаҳои «Саодат», «Паёми рӯз», «Насими айём», «Рангинкамон», «Зулхамс», «Афкор», «Ҳаёти деҳот», барандаи барномаҳо аз ҳаёту фаъолияти овозхонон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманди Хол, Нигина Рауфова, Абдуҷалил Ҳошимов ва ғ. Муаллифи очеркҳои тел. «Пайванд», «Банди ҳунар», «Файзи Баҳористон», «Сарвари гулдаст», «Устоди омӯзгорон», «Ҷавонмардӣ биомӯз» ва ғ.[2]

Дар бораи Мунира Ҳакимова

вироиш
Орзу Исоев, ровии барномаҳои фароғатӣ дар ҳошияи даргузашти Мунира мегӯяд, ки ӯро аввали моҳи март барои иштирок дар клипи “Фиребо”-и Нигина Амонқулова даъват карда буд. «Дар шаҳри Бохтар сафари корӣ дошт, аммо омад, иштирок кард! Рақсид! Шоду масрур буд. Он ҷо тасмим гирифтем, суҳбате анҷом бидиҳем. 23 март мусоҳибаи Мунира Ҳакимоваро дар барномаи “Ногуфтаҳо” сабт кардем, вале намедонистем, ки охирин суҳбатамон аст. Аз модараш ёдовар шуду шеъри ҷонсӯзе хонду гирист… Пеши модараш рафт!»- бо афсӯсу ҳасрат иброз медорад Орзу.

[3].

  1. Мунира Ҳакимова- наттоқи шинохтаи кишвар даргузашт. sputnik-tj.com. 4 июни 2020 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013,— С.139 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
  3. 3.0 3.1 Мунира Ҳакимова-ровии шинохта даргузашт. pressa.tj. 4 июни 2020 санҷида шуд.