Мунҳании имконоти тавлид
Мунҳании имконоти тавлид (англ. production possibilities curve), ҳадди имконоти истеҳсолӣ, хатти каҷи имконоти тавлид — хатти каҷест имкониятеро инъикос менамояд, ки бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли мол ё хидматрасонӣ, ҳаҷми истеҳсоли неъмати дигар коҳиш меёбад.
Мафҳум
вироишФарз мешавад, ки захираҳои истеҳсолӣ маҳдуданд ва агар ҳамаи онҳо ба истеҳсоли моли «У» равона карда шаванд, танҳо моли зиёди «У» ба даст оварда мешавад. Агар ҳамаи ин захираҳо ба истеҳсоли моли «Х» равона шаванд, он гоҳ истеҳсоли моли «Х» меафзояд. Тақсимоти захираҳо дар байни «Х» ва «У» метавонад ҳамон миқдор неъмат ба вуҷуд орад, ки ба нуқтаҳои А ва В мувофиқат намояд. Ба он аҳаммият додан лозим аст, ки нуқтаи D ва дигар нуқтаҳои «берун аз сарҳад» дастнорасанд. Нуқтаи С ва дигар нуқтаҳои «дохили ҳудуд» дастрас мебошанд, вале онҳо ба самаранок истифодабарии захира мувофиқат намекунанд, зеро захираи дар ихтиёр буда, мас., дар нуқтаи А имконияти истеҳсоли зиёди моли «Х» ва «У»-ро фароҳам меорад. Ҳамин тавр, мумкин аст, ки захираҳо пурра дар нуқтаи С истифода нашаванд (мас., мавҷудияти бекорӣ), ё ки манбаъҳо ғайрисамаранок истифода гарданд. Хатти каҷи дар расми 1 нишондодашуда, нисбати ибтидои координата фурӯхамида аст. Ин равона кардани захираҳоро аз истеҳсоли моли «Х» ба истеҳсоли моли «У» мефаҳмонад. Ҳангоми афзоиши истеҳсоли неъмати «У» боздеҳи камшавӣ айён мегардад. Аз дигар тараф, ҳангоми ивазкунии ҳамаи захираҳо барои истеҳсоли яке аз неъматҳо самараи миқёс ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ягон сабаби хоссе вуҷуд надорад, ки самараи миқёс коҳишёбанда бошад, пас ҳудуди имконияти истеҳсолӣ метавонад хатти рост (боздеҳи доимӣ барои тавлиди «Х» ва «У») ё фурӯхамида ба дарун (самараи афзуншавандаи миқёс) шавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Словарь современной экономической теории Макмилана. М., 2003.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Графики имкониятҳои истеҳсолӣ / М. Юнусова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.