Мурғи чипор,зоти мурғи гӯшту тухмдеҳ.Аз рӯи рангу пару бол 8-хел мешавад.Мурғи чипори ало-було ва сафед паҳн шудааст.Вазни хурӯсаш 3,6-4,3кг,мокиёнаш 2,7-3,4кг мебошад.Соле ба ҳисоби миёна 160-170 дона тухм (вазни яктояш 55-60г) мекунад.Онро бо мақсади истеҳсоли бройлер бо мурғҳои карнуэлӣ ҷуфтӣ мекунанд.