Мусичабозӣ
Мусичабозӣ
Бозигарон ба ду даста тақсим мешаванд ва дар ду тарафи майдон ҷой мегиранд. Бо фармони довар яке аз дастаҳо ба сӯйи дастаи дигар сайркунон ҳаракат мекунад. Дастаи дуюм бо сардори худ дар ҷояшон истода ин шеърро мехонанд: «Яку дую сею чор, ман духтари Муллоёр. Муллоёри чокандоз, ба мусича дон андоз…». Бозигарони дастаи дуюм кӯшиш мекунанд, ки «мусичаҳо»-ро дастгир намоянд. Ҳар бозигари ба даст афтодаро онҳо ба гурӯҳи худ мебаранд. Дар Водии Ҳисор, Душанбе нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961;
2. Турсунов Н. Бозиҳои халқии тоҷикӣ барои боғчаи бачагон. Д., 1975;
3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 187