Комил Мусофиров

(Тағйири масир аз Мусофиров Комил)


Зиндагинома

вироиш

Комил Мусофиров соли 1937 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, аз аввалин хатмкардаҳои факултаи шарқшиносӣ (забонҳои Осиё ва Аврупо)-и ДМТ дар солҳои 1958—1963 мебошад. Ӯ инчунин муҳассили яксолаи Донишгоҳи Бағдод буда, зиёда аз 50 сол дар кафедраи филологияи араби ДМТ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти араб кор кардааст.

Комил Мусофиров тӯли 12 сол, аз 1983 то 1995 раҳбарии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро ба уҳда доштааст.

Комил Мусофиров шоми 29-уми октябри соли 2014 дар синни 77 солагӣ аз дунё даргузашт.

Комил Мусофиров муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмиву тадқиқотӣ ва беш аз 20 китобро аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла «Китоби дарсии забони арабӣ» (1975), «Маҷмуаи ҳикояҳо ва латифаҳои арабӣ» (1970), «Ҳикояҳои арабӣ», «Шарораи аввалин», «Ном ва номгузорӣ» маҳсули қалами Комил Мусофиров мебошанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Комил Мусофиров барои хидматҳои шоёнаш дар замони шӯравӣ бо «Нишони аълочии мактабҳои олии СССР», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва дар замони истиқлол ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гаштааст.