Мухаммас (аз забони арабӣ - панҷгона, панҷтоӣ), як навъи мусаммат, ки ҳар банди он аз панҷ мисраъ иборат аст. Мухаммас қофиябандиаш ба шакли ааааа ббббб ва ғайраҳо дар адабиёти классикии форс-тоҷик маъмул буд. Мухаммас асосан ду навъ дорад:

  1. шеъри ҳар бандаш панҷмисраӣ, ки аз тарафи як шоир гуфта шудааст;
  2. шеъре, ки дар ҳар бандаш се мисраи аввали ҳамвазну қофия аз шоири мухаммасгӯ ва ду мисраи охири банд аз ғазали шоири дигар мебошад, ки инро мухаммасбандӣ ё мухаммаси ботазмин меноманд.

Мухаммас - мухаммас чунин жанри адабиёти китобӣ ва шифоҳӣ аст, ки аз бандҳои панҷмисрагӣ таркиб ёфтааст. Дар назми шифоҳии тоҷик намунаҳои мухаммас низ дучор мешаванд, ки бештари онҳо аз адабиёти хаттӣ ба фолклор гузаштаанд. Баъзе шоирони халқӣ низ мухаммас эҷод кардаанд. Мухаммасҳо бештар дар мардуми босавод ва аҳолии шаҳрҳо ба назар мерасад. Дар шаҳрҳо фаъол аст.[1][2]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)