Мухотаб
Мухотаб (аз забони арабӣ - хитобшаванда), калима ва ибораест, ки шахс ва ё ашъёи муроҷиатшударо номбар мекунад. Ба визифаи Мухотаб исмҳои хосу ҷинс, ҷондору беҷон, ҷонишинҳои шахсӣ ва ҳама калимаҳое, ки ба маъноӣ исм истифода мешаванд, омада метавонад. Мухотаб ба аъзои ҷумла алоқа надорад ва аъзои ҷумла низ шуда наметавонад; дар аввал, байн ва охири ҷумла ҷой гирифта, бо аломатҳои китобатии мувофиқ ҷудо кардан мешавад.
Масалан: Хуршед, ту аз мактаб кай омадӣ?