Мухтор Абдуллоев - сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд». Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Мухтор Абдуллоев
Мухтор Шокирович Абдуллоев
Таърихи таваллуд 1967
Зодгоҳ Исфара вилояти Ленинобод ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Мухтор Шокирович Абдуллоев 18 январ и соли 1967 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара таваллуд ёфтааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Ленинград)-и Федератсияи Россияро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Ӯ солҳои 1991 -1999 ба ҳайси хабарнигор, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», солҳои 1999 -2010 хабарнигори махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд, солҳои 2010-2014 дар вазифаи роҳбарии Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, мудири бахши котиботи Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Мухтор Абдуллоев узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, муаллифи китобҳои «Лолаи хуршед», «Атияи умр» ва «Рӯ ба рӯ бо мардум» мебошад.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 ноябри соли 2014 Мухтор Шокирович Абдуллоев сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» таъйин гардид.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 78