Мушакпаронӣ ба Укроин 10 октябри соли 2022

Ҳамалоти мушакии густарда ба Укроин — рӯзи 10 октябри соли 2022, мушакпаронии шадид дар Укроин рух дод. Қувваҳои ҳарбии Русия ба 14 минтақаҳои Укроин зиёда аз 80 мушак паронданд. Қариб нисфи мушакҳои парондашударо Қувваҳои зидди ҳавоии Укроин нест карданд. Таркишҳои калон дар шаҳрҳои Лвов, Днепр, Тернопол, Ивано-Франковск, Житомир, Харков, Хмелнитск, Кременчуг ва дигар шаҳрҳои Укроин сар заданд[3][4]. 23 нафар вафот кард ва 105 нафар захмӣ шудаанд, қариб 70 мавзеъҳои инфрасохтор, ки аз онҳо 29-то мавзеъҳои муҳими инфрасохтор, 4 хонаи бисёрошёна, 35 хонаи шахсӣ ва 1 мактаб дар Киев зарар дидаанд. Ин зарбаҳо қасосан барои тарконидани кӯпруки Қрим, ки Русия Укроинро гунаҳкор меҳисобад зада шудаанд.

Мушакпаронӣ ба Укроин 10 октябри соли 2022
Нигора
Кишвар
Макони кунунӣ
Замони вуқуъ 10 октябр 2022
Бо ҳузури Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия
Шумори захмиҳо 23[1]
Шумори ҷонбохтагон
Таслиҳот 3M-54 Kalibr[d], Kh-55[d] ва 9A52-4 Tornado[d]
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тафтишот

вироиш

Нашрияҳои The Insider, Bellingcat, Der Spiegel интишор кардаанд, ки аз кадом тараф ин мушакпаронӣ ба мавзеъҳои инфрасохтори шаҳрвандон раҳсипор карда шуд. Ба иттилоъи онҳо, мушакҳо аз истгоҳҳои махсус, аз якчанд зергуруҳҳои махфӣ-ҳарби, аз тарафи маркази ҳисобкунии Қувваҳои ҳарбии Русия равона карда шудаанд.

Нигаред

вироиш