Мушаррафа Ҷӯраева
Мушаррафа Ҷӯраева — доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 29 август 1965 (58 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | журналистика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома Вироиш
Мушаррафа Ҷӯраева Рустамовна 29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1987-1993 муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои миёнаи рақами 15 ва 55 шаҳри Душанбе, соли 1993 ассистенти кафедраи умумидонишгохии забон, адабиёт ва хати ниёгони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1994-1996 аспиранти ҳамин кафедра, солҳои 1997-2002 ассистент ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии ДМТ, солҳои 2003-2007 дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, аз соли 2007 инҷониб дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ, солҳои 2013-2015 докторанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ. Аз соли 2015 то соли 2018 дотсент ва аз соли 2018 профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ.
Осор Вироиш
Китобҳо Вироиш
- Роҳҳои ифодаи эҳтиром ва фурўтанӣ дар забони тоҷикии асри XVI. — Душанбе, 2004. — 120 с.
- Тенденции употребления устойчивых формул общенияв современных таджикских СМИ. — Душанбе, 2015. — 200 с. (на русс.яз.)
- Вежливость как коммуникативная категория и национально-культурные особенности таджикского речевого поведения. — Душанбе, 2015. — 92 с. (на русс.яз.)