Мушу гурба (форсӣ: موش و گربه‎) — дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ мавқеи хос дорад. Он асарест, ки ҳам аз ҷиҳати шакл, ҳам аз лиҳози мазмун ва ҳам аз ҳайси сабк навоварона мебошад. То Убайди Зоконӣ касе қиссаро дар қолаби қасида нарехтааст. Фақат ӯ ин қиссаро дар шакли қасида сурудааст. Он қамаги 94 байт буда, дар қолаби маснавӣ эҷод гардидааст ва вазнаш ҳазачи мусаддаси маҳфуз аст, ки арконаш мафоилун, мафоилун, фаулун мебошад. Мазмуни рисола аслан ба шакли ҳазлу мутоиба оварда шудааст ва қаҳрамонҳои асар тақрибан ашхоси реали мебошанд.