Муяссар Аминова
Муяссар Узоқовна Аминова (Тав. 19.06.1946, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) — ҳунарпешаи театр ва синамо, соҳибкор.
Муяссар Узоқовна Аминова | |
| |
Таърихи таваллуд: | 19 июн 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМуяссар Аминова дар студияи ба номи Миттелмани ш. Душанбе таҳсил намудааст (1964–1967). Фаъолияти кориаш аз ҳунарпешаи ТДАДТ ба номи А. Лоҳутӣ оғоз ёфтааст (1964–1967; 1971–1975). Солҳои 1968–70 ба кори Театри халқии ш. Кӯлоб гузаштааст. Дар чандин спектаклҳои ин театрҳо нақшҳои ҷолиб офаридааст. Дар филми «Оромӣ намешавад»-и Б. Долинов киностудияи "Тоҷикфилм" нақши телефончӣ (1963), дар филмҳои «Замони осоишта», нақши Азиза (1965) ва «Ҳасани аробакаш»-и Б. Кимёгаров, нақши Садаф (1966), дар филми «Нисо»-и Марат Орифов, нақши муаллима Марямро бозидааст (1966). Солҳои 1975–1990 ба кори Комбинати трикотажи «Зайнабибӣ» гузашта, аввал шогирд ва баъд мудири сех, соли 1995–1997 сардори Иттиҳодияи манзилу коммуналии заводи арматураи ш. Душанбе шуда кор кардааст. Аз соли 1998 – соҳибкор. Соҳиби 1 фарзанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6