Муқаддами Муҳсин Вазирӣ
Муқаддами Муҳсин Вазирӣ (форсӣ: وزڍری مقدم محسن ) (таваллуд 1925, Теҳрон) — наққош ва ҳайкалтароши эронӣ. Дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон ва сипас дар Академияи санъати Рум таҳсил кардааст. Дар марҳалаҳои мухталифи ҳунарофариниаш осори бисёри регӣ, филиззӣ, пластикӣ эҷод намуда, муҷассамаҳои чӯбии ҷунбон сохтааст. Замоне, ки дар Рум зиндагӣ мекард, дар наққошиҳояш нақшҳои эрониро истифода бурдааст. Наққошиҳои региашро дар Флоренсия, Лондон, Мюнхен ва Рум ба намоиш гузошт, ки таваҷҷуҳи мунаққидони ғарбиро ба худ ҷалб кард. Дувоздаҳ сол дар Донишкадаи ҳунарҳои тазйинӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон дарс дод. Осорашро дар намоишгоҳҳои Венетсия (1960, 1962, 1964) ва Осорхонаи ҳунарҳои модерни Ню-Йорк (1964) ба намоиш гузошт. Китобе бо номи «Шеваи тарроҳӣ» навиштааст, ки чандин бор чоп шудааст. Бархе аз осораш дар Осорхонаи ҳунарҳои модерни Ню-Йорк, Кохи Ниёварони Теҳрон ва Музейи ҳунарҳои муосири Теҳрон нигаҳдорӣ мешаванд.
Сарчашма
вироиш- Муқаддами Муҳсин Вазирӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.