Муҳаммадамини Бухороӣ

Ами́н (Муҳаммадамини Бухороӣ; с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 19).

Муҳаммадамини Бухороӣ

Зиндагинома вироиш

Ба қавли тазкиранигорон (мас., Муҳтарам, «Тазкират-уш-шуаро») Амин аз шоирони тавоно ва боистеъдоди замон будааст. Бештар ғазалу мухаммас месурудааст. Ба ӯ инчунин ду маснавӣ – «Маснавии Шариф» ва «Маснавии Латиф»-ро нисбат медиҳанд. Бо тиббу табобат низ шуғл доштааст.

Намунаи ашъор вироиш

Абёти зерин аз ӯст:

Дӯстон, ёд аз нигоҳи чашми мафтунаш кунед,
Раҳм бар ҳоли гирифторони маҳзунаш кунед.
То шавад хотир тасаллиёб дар дашти ҷунун,
Қиссаи пурғуссаи ман назди Маҷнунаш кунед.
Дар миён ояд сухан ҳар гаҳ ба тамдеҳи алиф,
Ёд аз он қомати мавзуни болояш кунед.
То сарояд тӯтии килки Амин ҳар ҷо сухан,
Офарин бар табъи софу ҳусни мазмунаш кунед.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш