Муҳаммадисмоили Доро

Хоҷа Муҳаммадисмоили Доро (форсӣ: خواجه محمد اسماعیل دارا‎; қарни XVIII) — шоири порсигӯ ва аз пайравони сабки ҳиндӣ.

Муҳаммадисмоили Доро

Зиндагинома

вироиш

Таърихи зодашудан ва марги Муҳаммадисмоили Доро ба дурустӣ дониста нест. Ӯ аз аҳолии рустои Занги Сабоа аз тавобеъи Ғӯриён дар Афғонистони кунунӣ буд ва дар ҳамин ҷо ҳам ба хок супурда шудааст[1]. Муҳаммадисмоил сӯфимаслак ва пайрави тариқати нақшбандия буд ва дар замони ҳаёташ дар гумномӣ ба сар мебурд.

Доро аз шоирони сабки ҳиндӣ аст. Ӯ шефта ва пайрави Соиби Табрезӣ буд ва аз ин рӯ худро «Соиби сонӣ» хондааст:

Метавон гуфт туро «Соиби сонӣ» Доро,
Кист, ки ин ҳарфи савобам ба хато бардорад?

Девони ашъори Доро нахустин бор дар соли 1957 ба кӯшиши Муҳаммад Аълами Ғаввос ба чоп расид ва сипас дар давраи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сӯи интишороти «Тавоно» дар Ҳирот муҷаддадан чоп шуд.

  1. دارا؛ شاعری که خود را صائب ثانی می‌دانست(форсӣ). BBC News فارسی (18 Декабри 2015). 25 июни 2024 санҷида шуд.