Муҳаммадҷон Рабиев

Муҳаммадҷон Рабиев (02.05.1913 – 19.05.1983) — ҳунарпеша, коргардон, дромнависи театр ва кино. Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1964), узви Иттифоқи киноматаграфистони ИҶШС (1962).

Муҳаммадҷон Рабиев
Муҳаммадҷон Рабиев
Таърихи таваллуд 2 май 1913(1913-05-02)
Зодгоҳ шаҳри Самарқанд
Таърихи даргузашт 2 май 1983(1983-05-02)
Пеша ҳунарпеша, коргардон, намоишноманавис, филмноманавис

Зиндагинома

вироиш

Соли 1931 курсҳои алоқачиёнро дар шаҳри (Самарқанд) хатм намуда, соли 1933 – дар рабфаки алоқаи шаҳри Тошканд таҳсилро ба итмом расонидааст. Ӯ солҳои 1936-1938 ба ҳайси ҳунарпеша, коргардон ва директори Театри мусиқӣ-драммавии Хоруғ кор кардааст. Солҳои 1938-1939 – инспектор оид ба репертуари Управленияи санъати ШКХ Тоҷикистон (Душанбе) ва c. 1940-1941 – сардори шуъбаи Управленияи санъат, соли 1941 – муовини директори Театри опера ва балет буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании с-ҳои 1941 ҳамчун аскари алоқачӣ хидмат кардааст. Баъд аз ҷанг сардори шуъбаи Управленияи санъат (1946-1947), директор ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1947-1949), директори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1957-1960) фаъолият намудааст.

Эҷодиёт

вироиш

Муҳаммадҷон Рабиев ва Азиза Азимова муаллифони нахустин балети ба саҳна гузошташудаи тоҷик «Ду гул» (1940), аз рӯи асари оҳангсоз А. Ленский мебошанд. Аз рӯи либреттоҳои М. Рабиев балетҳои «Дилбар» (1954), «Қолини осмониранг» (1958) ба саҳна гузошта шудаанд. Ӯ инчунин муаллифи зиёда аз 20 пиесаҳои театрҳои драммавӣ ва дастаҳои ҳаваскори бадеӣ мебошад. Спектаклҳо аз рӯи пиесаҳои М.Рабиев дар саҳнаҳои театрҳои ҷумҳурӣ намоиш дода мешуданд. Ҳамкории эҷодиаш бо синамои миллӣ аз соли 1961 сар шудааст.

Филмшиносӣ

вироиш

Ҳаммуалифи сенарияҳои кинофилмҳои: «Зумрад» (1961), «Ошиқ аст – ошиқ нест» (1964), «Дар ағба типарронӣ манъ аст» (1983).

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1957), медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1941), «Барои Ғалаба бар зидди Олмон» (1945), «20 - солагии Ғалаба бар Олмон» (1966) мукофотонида шудааст.[1]