Муҳаммад Аъзамхон
Муҳаммад Аъзамхони Ромпурӣ, мулаққаб ба Нозими Ҷаҳон (? — 1902) — пизишк ва донишманди форсизабони Ҳиндустон.
Таърихи даргузашт | 1902 |
---|
Зиндагинома
вироишМуҳаммад Аъзамхон буда, дар хонадони Ҳаким Шоҳаъзамхон дар ш. Мустафообод (Ромпур) ба дунё омада-аст. Зиндагӣ ва фаъолияташ низ дар ҳамин шаҳр сурат гирифтааст. Асли хонадони эшон аз Сиистон буда, сипас ба Ҳиндустон ҳиљрат кардаанд.
Муҳаммад Аъзамхон таълифоти зиёде дар тиб дорад. Гуфтан мумкин аст, ки осори ӯ хулоса ва љамъбасти осори тиб-бии ҳазорсолаи форсу тољик ба шумор меравад. Умдатарин таълифоти ӯ инҳост: «Иксири аъзам» иборат аз чор љилди бузургҳаҷм; «Қарободини аъзам» дар як муљаллади бузург дар баёни доруҳои мураккаб; «Муҳити аъзам» дар баёни доруҳои сода; «Рамузи аъзам»; «Рукни аъзам»; «Наййири аъзам», «Хавосу-л-адвия» ва ғайра.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муҳаммад Аъзамхони Ромпурӣ // С. Шаҳобуддинов / Энсиклопедияи Мухтасари Тиб. Ҷ. III. Д.: СИЭМТ, 2012. — С. 164. — 504 с. — ISBN 978-99947-33-45-3