Муҳаммад Болтаев (Болтаев Муҳаммад Назарович; 16 октябри 1928, Бухоро — 2011, ҳамон ҷо) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1966), профессор (1969). Ходими хидматнишондодаи илми Узбакистон (1978).

Муҳаммад Болтаев
Болтаев Муҳаммад Назарович
Таърихи таваллуд 28 октябр 1928(1928-10-28)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Узбекистон
Таърихи даргузашт 2011(2011)
Маҳалли даргузашт Бухоро
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Институти давлатии педагогии Қаршӣ, Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти педагогии шаҳри Бухоро

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Бухоро (1950). Муддате дар Омӯзишгоҳи педагогии Бухоро ва Кумитаи комсомоли вилояти Бухоро фаъолият доштааст. Аспирант (1951-191154), муаллими калон (1954-68), мудири кафедраи фалсафа ва мантиқи ДДТ (1968—1974). Аз соли 1974 фаъолият дар макотиби олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Аввал профессори Институти такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Тошканд, баъд Ректори Институти педагогии Қаршӣ (1977-86) ва аз соли 1986 то охири умр мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Бухоро буд.

Пажӯҳишҳо

вироиш

Б. ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафӣ ва мантиқии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ, хусусан Ибни Сино ва мактаби фалсафии машшоъ машғул буд. Доир ба масъалаҳои назарияи маърифати Ибни Сино ва шогирдону пайравони ӯ таҳқиқоти бисёре анҷом додааст. Нисбат ба фаъолияти баъзе намояндагони тасаввуф ва афкори маънавию ахлоқии мутафаккирони Шарқи асрҳои миёна низ таҳқиқоти арзишманд дорад..

  • Материя ва шуур. Сталинобод, 1958;
  • Назарияи дониш. Сталинобод, 1960;
  • Некоторые вопросы гнесеологии и логики в произведениях Ибн Сины и его школы. Д., 1965;
  • Ибни Сино. Д., 1972;
  • Абу Али ибн Сина — великий мыслитель, учёный, энциклопедист средневекового Востока. Ташкент, 1980;
  • Ибн Сина — выдающийся философ средневековья. М., 1983;
  • Мораль сегодня: учимся, спорим, размышляем. — М., 1988.

Адабиёт

вироиш