Муҳаммад Дабирсиёқӣ

Сайидмуҳаммад Дабирсиёқӣ (форсӣ: سیدمحمّد دبیرسیاقی‎; 24 феврали 1920, Қазвин, Эрон — 8 октябри 2018, ҳамон ҷо) — пажӯҳишгар, нависанда, шоир, омӯзгори адабиёти форсӣ ва мусаҳҳеҳи мутуни куҳани порсӣ.

Муҳаммад Дабирсиёқӣ
Таърихи таваллуд: 25 феврал 1920(1920-02-25)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 8 октябр 2018(2018-10-08) (98 сол) ё 2018[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: луғатшинос

Дабирсиёқӣ дар Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байналмилали омӯзиши забон форсӣ машғули кор буд ва мусаҳҳеҳи бисёре аз матнҳои куҳани забони форсист. Дабирсиёқӣ наздик ба 80 матни адабӣ ва таърихиро тасҳеҳу ва чоп кардааст, ки аз миёни онҳо метавон «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Девон»-и Манучеҳрии Домғонӣ, «Фарҳанги Сурурӣ» ва тасҳеҳи «Луғати фурс»-и Асадии Тӯcӣ ва «Сафарнома»-и Носири Хусравро ном бурд. Ӯ миёни солҳои 1326 (хуршедӣ) то 1334 (хуршедӣ) дар гирдовариӣ «Фарҳанги луғат» бо Алиакбар Деҳхудо ҳамкорӣ дошт. Аз он пас ҳамкории ӯ бо Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байналмилали омӯзиши забони форсӣ — то 1359 (хуршеди) пай гирифта шуд. Кори бузурге, ки Дабирсёқӣ дар даст дошт, навиштаи «Луғатномаи форсӣ»-ст, ки то кунун бархе аз муҷалладҳои он чоп шудааст.