Муҳаммад Тоҳирхоҷаи Зарир
Зарир Муҳаммад Тоҳирхоҷаи Ҷӯйбории Бухороӣ, лақабаш Узбакхоҷа (? — 1889, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироиш«Зарир» тахаллуси шоирии ӯст, ки ба сабаби кӯри модарзод буданаш онро интихоб кардааст (маънои калимаи арабии «зарир» кӯр аст). Дар ин бобат чунин гуфтааст:
Баски дилгир аст тарзи суҳбати аҳли ҷаҳон,
Аз азал дониста чашми хеш пӯшидам аз он.
Қуръон ва дигар китобҳои динӣ, улуми расмии даврро аз худ карда буд. Аз абёти гузаштагон беш аз 5 ҳазор байтро аз ёд медонист. Шахси донишманд, хушсуҳбат, маҳфилоро буд. Дар хонааш аҳли адаб ҷамъ омада, маҳфили шеърхонӣ, мушоира баргузор мекарданд. Дӯстдори аҳли адаб буд, махсусан, Шамсуддин Шоҳинро дӯст медошт; ӯро ба фарзандӣ қабул карда буд. Шоҳин дар асараш «Туҳфаи дӯстон» мадҳияе дар бораи ӯ иншо кардааст:
Худоро, чӣ сеҳр асти тақдири ӯ,
Ки эъҷози ғайбат дар зери ӯ.
Агар мурдадил бишнавад нуктааш
Хирад баркушояд раги сактааш...
Тахаллус ба шеъраш аз он шуд Зарир,
Ки нодида мӯ мекашад аз хамир...
Абёти зерин намунае аз сурудаҳои ӯянд:
Кай чашми дилам бо ту дучор афтаду гиряд,
Чашми ту ба рӯи мани зор афтаду гиряд.
Умрест, ки бар сар ба ҷуз инам ҳавасе нест,
К-андар қадамат як-ду-се бор афтаду гиряд.
Гоҳо, ки фитад чашм бар он гесуву ораз,
Аз шавқ басо лайлу наҳор афтаду гиряд...
Бифрист, Зарир, ин ғазали тар сӯи Омул,
То марқади Толиб ду-се-чор афтаду гиряд.
Ғазали мазкур дар пайравии Толиби Омулӣ гуфта шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зарир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.