Муҳаммад валид Ғазувонӣ

Муҳаммад валид Шайх Ғазувонӣ ( ар. محمد ولد الشيخ محمد أحمد ولد الغزواني‎ ‎ фр. Mohamed Ould Ghazouani ;  31 декабр 1956, Бумдид, Асаба, Мавритания ) — генерал ва ходими сиёсии Мавритания. Дар интихоботи 22 июни соли 2019 ӯ президенти Мавритания интихоб шуд [2], 1 августи соли 2019 [3] ба кор шурӯъ кард.

Муҳаммад валид Ғазувонӣ
ар. محمد ولد الشيخ محمد أحمد ولد الغزواني
аз 1 август 2019
Таваллуд 31 декабр 1956(1956-12-31) (67 сол)
Ном ҳангоми таваллуд ар. محمد ولد محمد اﺣﻤﺪ الشيخ الغزواني
Ҳамсар Mariem Mint Mohamed Fadel Ould Dah[d][1]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод тасаввуф
Навъи артиш Mauritanian National Army[d]
Рутба генерал
 Парвандаҳо дар Викианбор
Муҳаммад валид Шайх Ғазувонӣ (2019)

Ғазувонӣ директори генералии амнияти миллӣ [4] ва сардори Ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Мавритания (2008 - 2018) буд [5].. Вазири дифои Мавритания аз октябри 2018 то марти 2019 [6][7]. Як шарики наздики президент Муҳаммад валид Абдулазиз [3].

Зиндагинома

вироиш

Ғазувонӣ дар Бумдидаи вилояти Асаба 31 декабри соли 1956 таваллуд шудааст [8]. Ба як оилаи маъруфи суфиёни Мавритания тааллуқ дорад. Писари пешвои рӯҳонии қабилаи Муробит Идейбуссат [9]. Издивоҷ бо Мариам Минт Муҳаммад Вадҳел валид Да [9][10]. Панҷ фарзанд дорад [11].

Хидмати ҳарбӣ

вироиш

Ӯ аз охири солҳои 1970 дар артиши Мавритания хидмат кардааст. Сипас дар Марокаш ҳамчун афсар таҳсил кардааст. Дараҷаи бакалавр, магистратураи идоракунӣ ва илми ҳарбӣ гирифта, инчунин якчанд шаҳодатномаҳо ва курсҳои ҳарбӣ гирифтааст [11][12].

Ғазувонӣ шарики Муҳаммад валид Абдулазиз буд.[13]. Дар соли 2005 ӯ узви шӯрои низомӣ буд, ки президент Муавия Сидиаҳмад Тайеро (1984—2005) аз мансаб сарнагун кард. Дар соли 2008 ҳамчун иттифоқчии Муҳаммад валид Абдулазиз дар сарнагун кардани президент Сидӣ Шайх Абдуллоҳ (2007—2008) ширкат дошт.

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Моҳи октябри соли 2018 президент Муҳаммад валид Абдулазиз Ғазувониро ба вазири дифои Мавритания таъйин кард [7][14].

1 марти соли 2019 Ғазувонӣ ширкаташро дар интихоботи президентӣ эълон карда, хостори иваз кардани президент Муҳаммад валид Абдулазиз (2009—2019) буд [15]. 15 марти соли 2019 барои ширкат дар интихобот аз вазифаи вазири дифоъ истеъфо дод [16]. 22 июни соли 2019 ӯ дар интихобот пирӯз шуд ва дар даври 1-ум 52% овозҳоро ба даст овард ва Президенти Мавритания шуд.[11]. Муҳаммад валид Шайх Ғазувонӣ аз 1 августи соли 2019 расман ба иҷрои вазифаи Президенти Мавритания шурӯъ намуд.

  1. https://www.jeuneafrique.com/1176164/politique/ce-quil-faut-savoir-sur-la-tres-discrete-madame-ghazouani-premiere-dame-de-mauritanie/
  2. Mauritania's Ghazouani wins majority in presidential vote: CENI. www.aljazeera.com. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 червня 2019.
  3. 3.0 3.1 Mauritania Constitutional Council Confirms Mohamed Ould Ghazouani as President. Voice of America. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 липня 2019.
  4. السيرة الذاتية للفريق محمد ولد الغزواني - أقــــلام حرة. aqlame.com. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 березня 2019.
  5. Mohamed Ould Ghazouani Declares himself Winner of Mauritania Presidential Polls. Asharq AL-awsat. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 червня 2019.
  6. صديق الرئيس وزيرا للدفاع.. ماذا يرتّب جنرالات موريتانيا قبيل الرئاسيات؟. www.aljazeera.net. 26 квітня 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 січня 2019.
  7. 7.0 7.1 Mohamed Ould Ghazouani, Mauritania's new president. www.aa.com.tr. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 червня 2019.
  8. سيدي. من هو الرئيس الموريتاني الجديد؟. alaraby. 26 квітня 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 грудня 2019.
  9. 9.0 9.1 Mauritanie : Mohamed Ould Ghazouani, l’homme de l’ombre (20 листопада 2012). 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 липня 2019.
  10. في أول ظهور إعلامي لها زوجة وزير الدفاع ومرشح الرئاسيات ولد الغزواني تتحدث في مقابلة | الحقيقة. www.alhakika.info. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 червня 2019.
  11. 11.0 11.1 11.2 محمد ولد الشيخ الغزواني.. من هو رئيس موريتانيا الجديد؟. سكاي نيوز عربية. 26 квітня 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 березня 2020.
  12. Welle. Mauritania: Former General Mohamed Ould Ghazouani wins presidential election. DW.COM (23 червня 2019). 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 червня 2019.
  13. Mauritania opposition challenges ruling party win (24 червня 2019). 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 жовтня 2019.
  14. Mauritania appointments reflect jockeying for succession | Lamine Ghanmi. AW. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 квітня 2020.
  15. وزير الدفاع الموريتاني يخلع بزته العسكرية لخلافة رفيقه في القصر. www.aljazeera.net. 26 квітня 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 червня 2019.
  16. Mauritania’s electoral commission confirms Ghazouani win | The Star. thestar.com. 6 серпня 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 липня 2019.