Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ
Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ (форсӣ: محمدبن یوسف ایلاقی, мулаққаб ба Шарафуззамон; Нишопур — 1068) — пизишк ва файласуфи форс-тоҷик ва аз шогирдони Ибни Сино.
Зодгоҳ | |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1068 |
Зиндагинома
вироишДар Бухоро таҳсили илм кардааст. Илоқӣ бахшида ба тиб ва таърихи он як қатор асарҳо эҷод намудааст, ки аз онҳо «Куллиёту-л-тибби Илоқӣ» («Куллиёти тибби Илоқӣ»), «Фусулу Илоқӣ фи-куллиёти тиб» («Куллиёти тиб»), Бобҳои Илоқӣ дар «Мухтасари Илоқӣ» ё «Мухтасару-л-қонун», «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» («Китоби сабабҳо ва аломатҳо»), «Муолиҷоти Илоқӣ» маълум ва дастрасанд. Илоқӣ дар асарҳояш оид ба сабаб, аломат, ташхис ва усулҳои пешгирию муолиҷаи бемориҳои гуногун маълумоти фаровон гирд овардааст. Ду нусхаи дастхати «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» дар китобхонаҳои Бейрут (Лубнон) ва Искандария (Миср), ду нусхаи дастхати «Куллиёти тибби Илоқӣ» ва «Фусулу Илоқӣ фи куллиёти тиб» дар китобхонаҳои Порис ва Санкт-Петербург маҳфузанд.
Илоқӣ дар ҷанги Қатавон дар панҷфарсангии Самарқанд кушта шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Илоқӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- Richard Sellheim, Verzeichnis der orientalischen Handschriften in Deutschland. Band XVII. Reihe 4. Arabische Handschriften. Materialien zur arabischen Literaturgeschichte (Wiesbaden: F. Steiner, 1976), 147.