Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ

Абулқосим Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ (с. тав. Номаълум — ваф. 833) — мутарҷими осори паҳлавӣ ба арабӣ, шоири арабизабони эронинажод.

Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ
Навъи фаъолият: шоир

Дар китобҳои муътабари таърихии арабиву форсӣ, аз ҷумла "ал-Феҳрист "-и Ибни Надим, «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ», "ал-Бадъ ва-т-таърих "-и Муқаддасӣ, «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас» (муаллифаш номаълум), «Китоб-ул-ағонӣ»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ аз Бармакӣ чун шоири тавоно ва мутарҷими хушсалиқа ёд шудааст. Ривояте ҳаст, ки гӯё халифа Маъмун (ҳукмр. 813-88) аз ӯ се байт дар мадҳ, ҳаҷв, рисо хостааст ва барои ҳар як байт бахшидани як вилоятро ваъда кардааст. Бармакӣ ин шартро иҷро кард ва соҳиби вил-ҳои Динавару Ҳамадон гардид. Б. «Худойнома»-и паҳлавиро бо номи «Сияр мулук ал-фурс» ба арабӣ тарҷума кардааст. Ҷиҳати ҷолиби диққат дар тарҷумаи Б. он аст, ки вай мутобиқи ҳодисаву воқеаҳои дар асар омада, аз эҷодиёти худ пораҳои манзум овардааст (19 байти Б. дар китоби Муқаддасӣ сабт гардидаанд). Ҳамин тарзи нигориши Б. дар оянда мавриди истиқболи таърихнависони Арабу Аҷам қарор гирифт.

Сарчашма

вироиш