Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ Исо Алъайёт (ар. محمد مرسى عيسى العياط; 20 августи 1951, Шарқия — 17 июни 2019) — сиёсатмадори мисрӣ, панҷумин раиси ҷумҳури Миср пас аз инқилоби 2011 Миср, раиси Ҳизби Озодӣ ва Адолат, як ҳизби таъсисшуда тавассути Ихвонул муслимин буд. Ӯ номзади ин ҳизб дар интихоботи райёсати ҷумҳурӣ 2012 буд ва пештар аз 2000 то 2005 намояндаи порлумон буд[8]. Артиши Миср шомгоҳи чаҳоршанбеи 3 июли 2013 Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт. Абдулфаттоҳ Сийсӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср бо хондани баёнияе, тасмими артиш барои барканории Мурсӣ аз курсии раиси ҷумҳури Мисрро ба иттилои мардум расонд. Ин баёния пас аз поёни зарбулаҷали 48 соатаи артиш ба раёсати ҷумҳурӣ ва гуруҳҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба тавофуқе ба манзури поён додан ба буҳрони Миср содир шудааст[9].
ар. محمد مرسى عيسى العياط | |
5-умин Президенти Миср
|
|
30 июни 2012 — 3 июли 2013 | |
Пешгузашта |
Ҳуснӣ Муборак Ҳуссейн Тантавт (и. в.) |
Ҷонишин |
Адлӣ Мансур (и. в.) Абдулфаттоҳ Сисӣ |
Таваллуд |
8 август 1951[2] |
Даргузашт |
17 июн 2019[3][4][5] (67 сол) |
Мадфан | |
Ҳамсар | Naglaa Mahmoud[d] |
Фарзандон | Abdullah Morsi[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | morsi.info(ар.) |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Таҳсилот
вироишӮ унвонҳои бакалавр ва магистратураи муҳандиси фулузот (металлургия) худро аз Донишгоҳи Қоҳира(1978) ва доктори муҳофизат аз моторҳои фазопайморо аз Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ гирифтааст, ки пас аз пойён таҳсилот дар ин донишгоҳ низ ба тадрис машғул буд. Ӯ аз 1982 то 1985 устодёри Донишгоҳи Иёлати калифорния дар Нуртриҷ буд. дар ин сол устоди Донишгоҳи Зақозиқи Миср шуд. Ду то аз 5 фарзанди ӯ мутаваллиди Калифорния ва шаҳрванди Амрико ҳастанд.
Райёсати ҷумҳурӣ
вироишДар давраи дувум интихоботи райёсати ҷумҳурии Миср. ки таърихи 17 июни соли 2012 баргузор гардид, Муҳаммад Мурсӣ бар асоси омори расмӣ дар рақобат бо Ҷенерал Аҳмад Шафиқ пирӯзи интихобот гардид. Вай аввалин раиси ҷумҳур пас аз инқилоби 2011 Миср ва панҷумин раиси ҷумҳур таърихи ин кишвар аст.
Лағви ҳукми анҳоли парлумон
вироишДар таърихи 8 июли соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ ҳукми анҳоли порлумонро лағв кард ва хостори баргузори ҷаласоти он шуд. Пеш аз ин Шӯрои Олии Низомӣ, маҷлиси Мисрро мунҳал карда буд.
Мамнӯъияти вориди атбои эронӣ ба Миср
вироишБар асоси дастури Мурсӣ вориди атбоъи эронӣ ба Миср мамнӯъ эълон шуд[10]
Барканории Мурсӣ
вироишАртиши Миср шомгоҳи чаҳоршанбеи 3 июли 2013 Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт[9].
Даргузашти Мурсӣ
вироишСобиқ раиси ҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар синни 68-солагӣ ҳангоми мурофиаи суд дар Қоҳира 17 июни соли 2019 ҳаётро падруд намуд. Баъд аз даргузашти Мурсӣ артиш ва кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср дар ҳолати тайёрии низомӣ қарор доранд, иттилоъ медиҳад телеканали RT Arabic. Ҳукуматдорони Миср аз тазоҳуроти пайравони ҳизби Ихвонул муслимин ки Муҳаммад Мурсӣ яке аз пешвоёни ҳамин ҳизб буд дар хатаранд. Аввалин раҳбари сиёсии мамолики хорҷӣ Раҷаб Тайиб Ардуғон даргузашти бемаҳали Мурсиро шаҳид номидааст.[11]
Инчунин нигаред
вироиш...Мурси намурдааст, ӯро куштаанд. - гуфтааст Раҷаб Тайиб Ардуғон [12]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Who is Najla Mahmoud The next first lady?. 19 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июни 2012.
- ↑ https://pantheon.world/profile/person/Mohamed_Morsi
- ↑ Meghalt a bíróságon az előző egyiptomi elnök, Mohamed Murszi — 2019.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ https://www.bbc.com/news/world-middle-east-48668941
- ↑ https://www.reuters.com/article/us-egypt-mursi-idUSKCN1TS0QX
- ↑ Аз Википедиаи Форсӣ http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%AD%D9%85%D8%AF_%D9%85%D8%B1%D8%B3%DB%8C
- ↑ 9.0 9.1 (Июл 4, 2013) Барканории Мурсӣ. Идомаи "баҳори араб" ё кудатои низомӣ?, Радиои Озодӣ. 4 июл 2013.
- ↑ پایگاه خبری - تحلیلی قدس آنلاین ممنوعیت ورود اتباع ایرانیوعراقی به مصر, QuidsOnline. Бойгонӣ шудааст 21 июли 2012 сол. Проверено 12 Декабри 2012. 12 декабри 2012.
- ↑ Экс-президент Египта Мурси скончался в зале суда, centrasia.org. 17 июни 2019.
- ↑ «Мурси не умер, его убили», regnum.ru. 19 июня 2019