Муҳаррама Шарифзода

овозхон ва омӯзгори мусиқӣ , Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2021)
(Тағйири масир аз Муҳаррама Шарифова)

Муҳаррама Шарифзода (то 2021 Муҳаррама Шарифова; зод. 21 феврали 1963, деҳаи Ҷонварсӯз, ноҳияи Файзобод) — овозхон ва омӯзгори мусиқӣ[1], Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2021)[2].

Муҳаррама Шарифзода
Ном ба ҳангоми таваллуд Муҳаррама Шарифова
Таърихи таваллуд 21 феврал 1963(1963-02-21) (61 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мусиқидон, овозхон
Ҳамкорӣ Ансамбли «Дарё»
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006)

Зиндагинома

вироиш

Муҳаррама Шарифзода 21 феврали 1963 дар деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст[3]. Хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон аст. Аз соли 1991 овозхони ансамбли «Дарё» мебошад.

Беш аз 110 суруду таронаҳояшро дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио сабт кардааст[3]. «Давлати ман», «Базми ағёр», «Бехабари ман», «Дили саргардон», «Биё, ки ба ҳам биравем», «Домани ишқ», «Зор гардӣ», «Дилпарешон», «Бевафо», «Ало, вое», «Ба лабхандиданот», «Ғарибӣ», «Содданигоҳ», «Мепарастам», «Доғи ману боғи манӣ», «Сӯзи ҷигар», «Нозанин», «Суруди Гулизор», «Гуларӯсак», «Ман тори дутор», «Аз субҳи сафо», «Ғамбемор» шаммае аз таронаҳояш мебошанд.

Унвону ҷоизаҳо

вироиш

Барои хидматҳои бисёрсолааш дар соҳаи ҳунар соли 1999 бо «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2006 бо унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ва дар соли 2021 унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» қадр шудааст.

  1. Меҳрофарин. Мактаби ду устоди бузурги санъат(тоҷ.). Фараж (6 Январ 2018). 8 сентябри 2023 санҷида шуд.
  2. Овозхонҳо унвону мукофот гирифтанд: аз Саидзода то Соҳиба ва Аловатову Назриев - аксҳо(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (18 августи 2021). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Суман Убайдуллозода. Муҳаррама Шарифова: Нигина Рауфова дар қалби ман аст!(тоҷ.). oila.tj. Оила (17 Декабри 2022). 8 сентябри 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.