Муҳиба Маҳмадҷонова

Муҳиба Талъатҷоновна Маҳмадҷонова (Насимова) (Тав. 20.04.1960, ш. Душанбе) — файласуф. Доктори илмҳои фалсафа (2007).

Муҳиба Маҳмадҷонова
Муҳиба Талъатҷоновна Маҳмадҷонова
Таърихи таваллуд 20 апрел 1960(1960-04-20) (64 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Муҳиба Талъатҷоновна Маҳмадҷонова дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил кардааст (1977–1982). Лабор. калон (1982–1983), асп. (1985–1989), ход. хурди илмии Ин.-ути фалс. АИ Тоҷикистон шуда кор кардааст (1992–1995). С. 1995, пас аз дифоъи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Этическое учение Джалолуддина Руми» («Таълимоти ахлоқии Ҷалолиддини Румӣ ») ход. калони илмӣ (1995–1997), ход. пешбари илмии Пажуҳишгоҳи фалс. АИ Тоҷикистон (1998–2013) будааст. Дар ин байн (2008) дар мавзӯи «Религиозно-филосовское учение Джалолуддина Руми» («Таълимоти динию-фалсафии Ҷалолиддини Румӣ ») рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.[1][2] Соли 2013–2014 ба сифати сарходими илмии шуъбаи фалс., илм ва мантиқ, с. 2014–2015 мудири шуъбаи сиёсатшиносӣ ва с. 2015–1017 мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинови АИ Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Аз с. 2017 – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинови АИ Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи 3 монография, аз ҷумла «Этические воззрения Джалолуддина Руми» (Д., 2001), «Философия Джалолуддина Руми» (Д., 2007) ва «Развитие атомной индентичности Ирана на примере её ядерной программы» (Д., 2014). Бо Ифтихорномаи Президенти ҶТ мукофотонида шудааст.[3]

  1. ВАК РФ Махмаджанова Мухиба Талатжановна(пайванди дастнорас)
  2. Махмаджанова Мухиба Талатжановна(рус.). www.scholar.ru. 5 июли 2019 санҷида шуд.
  3. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6