Муҳоҷирати инсонҳои аввалия
Барои муҳоҷирати инсон назарияҳои мутафовите вуҷуд дорад.
Хуруҷ аз Африқо
вироишКасе ба дурустӣ намедонад, ки нахустин инсон ҳомосопинс (ё инсони ҳушманд), ки ниои инсони кунунӣ аст, дар чӣ замон по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст.
Аммо куҳнтарин (фусил )ҳои ҳомосопинс, ки дар кишвари Эфиопия ёфт шудаанд ва Айму як ва Ауму ду ном доранд, наздик ба 195 ҳазор сол бароварда шудааст.
Донишмандон тахмин мекунанд, ки инсони имрӯзӣ, наздик ба 60 ҳазор сол пеш, дар Африқо берун омадааст. Дар ин замон густариши саҳрои Африқо барои муддате во меоистад ва обуҳавои мартубтаре, дасти кам дар бахшҳое аз саҳрои Африқо ба вуҷуд меояд, ки пас аз ин феъл ва инфиол, инсон барои муҳоҷират аз он баҳра мегирад.
Инсонҳо ба думболи хӯрок ва шикор, кам-кам аз ховари Африқо, ба сӯи шимол ҳаракат карданд ва по ба ховари миёна ниҳодан[1].
Ду назария дарбораи масири муҳоҷирати инсон ба Ховари миёна ҳаст:
- Бархе бар ин боваранд, ки инсонҳои муҳоҷир аз ҷазираи Сино вориди Осиё шудаанд.
- Назари дигаре ҳаст, ки бар пояи он, башар аз тангаи Бобулмандаб ҷое, ки фосилаи Африқо ва ҷазираи Арабистон ба андозаи камина мерасад, аз мутан нахустини худ берун омадааст.
Нуктаи шоёни таваҷҷуҳ ин аст, ки дар он замон ба иллати асри яхбандон ва гирифтор шудани оби уқёнусҳо дар яхчолҳои қутбӣ, сатҳи оби дарё поинтар аз имрӯз будааст ва аз ҳамин рӯ фосилаи миёни ду хушкӣ дар маҳалли тангаи Бобулмандаб, бисёр камтар аз имрӯз будааст. Инсон аз онҷо ба муҳоҷирати худ идома медиҳад ба гунае, ки ба фосилаи чанд ҳазор соли нахустин намунаҳои инсонро дар қораи Уқёнусия метавон ёфт.
Тасхири қораҳо
вироишДонишмандони имрӯза бар ин боваранд, ки бо вуҷуди онки замоне инсонҳои ростқомат дар Чин зиндагӣ мекарданд мардумони кунунии Чин монанди дигар мардуми ҷаҳон танҳо DNA – ҳои мосопинсҳоро ба ирс бурдаанд. Ҳангоме ки нахустин инсонҳо дар ҳудуди 40 ҳазор сол пеш аз тариқи Осиёи Миёна вориди Чин шуданд ҳудуди 60 ҳазор сол аз ҳаёти охирини Ҳомо Арктусҳо дар он навоҳӣ мегузашт. Ҳарчанд наметавон бо итминон иллати инқирози Ҳомо Арктусҳоро тавзеҳ дод, вале насли онҳо эҳтимолан бар асари тағйироти обуҳавои дар 100 ҳазор сол пеш мунқариз шудааст. Озмоишҳои генетик анҷом шуда бар рӯйи 12 ҳазор чинӣ низ ихтилофи миёни гунаҳоро рад менамояд. Ин озмоиш нишон дод, ки танҳо аҷдоди чиниҳо монанди инсонҳои имрӯзи ҳомосопинсҳо ҳастан[2].
Нахустин инсонҳо
вироишҲудуди 30 ҳазор сол пеш, пас аз гузаштан аз тангаи Беринг по ба қораи Амрико ниҳодаанд. Тангаи Беринг, Сибир дар осиёро аз Аляска дар қораи Америка ҷудо мекунад.
Дар он замон бар асари яхзадагии сатҳи уқёнус дар асри яхбандон ду хушкӣ ба ҳам муттасил мешаванд ва шикоргарони сокини Сибир бо гузар аз ин гузаргоҳ по ба қораи нав ниҳода ва аз онҷо дар саросари қораи нав пахш шуданд. Далелҳои фаровоне бар таъйиди ин назария вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи шабоҳатҳои рехти ҷумҷума ва орвораҳои сокинони 30 ҳазор сол пеши Амрикои Шимолӣ ва мардумони ҳамасри онон, ки дар Сибир ва шимоли Чин зиндагӣ мекардан[3].
Аврупо тавассути инсонҳои муҳоҷират карда аз Ховари миёна ва Осиёи Миёна тасхир гардид. Ин муҳоҷират аз 45٬000 сол пеш оғоз гардид ва ин муҳоҷират ва ускони инсони ҳомосопинс дар қораи Аврупо тайи 15٬000 сол такмил гардид.
Эзоҳ
вироиш- ↑ «The Genographic Project»، National Geographic(Online Eddition)، Osprey Publishing، Access Nov. 30, 2008
- ↑ Currat M, Excoffier L (Dec 2004), "Modern humans did not admix with Neanderthals during their range expansion into Europe", PLoS Biol., ۲ (۱۲), p. e421, ISSN doi:
- ↑ Maca-Meyer N, González AM, Larruga JM, Flores C, Cabrera VM (2001), "Major genomic mitochondrial lineages delineate early human expansions", BMC Genet., ۲, p. ۱۳, ISSN doi: 10.1186/1471-2156-2-13 doi: [http://dx.doi.org/urlencode:10.1186/1471-2156-2-13 10.1186/1471-2156-2-13] Check |issn= value (help)