Муҳтавои тавлидии корбар
Контент ё муҳтавои (тавлидшудаи) корбар (англ. User-generated content (UGC), русӣ: Пользовательский контент) — муҳтавои иттилоотие, ки онро создаваемое корбар месозад. Яке аз мафҳумҳои асосии «Веб 2.0».
Мафҳуми «маводи иттилоотии корбар» аз он вақт инҷониб дар нашрияҳои интернетӣ аз соли 2005 васеъ истифода мешавад, қаблан он асосан дар муошират байни маъмурияти манбаъҳои интернет ҳангоми кор бо маълумоти дорои аҳамияти иттилоотӣ истифода мешуд. Контенти корбар — ин сомона ё саҳифаҳои суолу ҷавобҳо (рус. ЧаВо), рӯзмараҳои интернетӣ (блогҳо), подкастҳо, хостингҳои акс- ва видеомаводҳо, Вики-лоиҳаҳо ва монанди онҳоянд.
Маълумоте, ки корбарон тавлид мекунанд, танҳо як қисми мундариҷаи манбаъро ташкил дода метавонанд. Масалан, қисми зиёди мундариҷа дар Amazon.com аз ҷониби соҳибони амвол сохта шудааст ё иҷозат дода шудааст, аммо баррасиҳо ва рейтингҳои маҳсулотро корбарони мустақил нашр мекунанд.