Мӯсо Ҷумъаев (5 декабри 1927, Ӯротеппа — 5 майи 1997) — селексионери шӯравии тоҷик, доктори илмҳои кишоварзӣ (1973), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1984.

Мӯсо Ҷумъаев
Таърихи таваллуд 5 декабр 1927(1927-12-05)
Зодгоҳ Ӯротеппа
Таърихи даргузашт 5 май 1997(1997-05-05) (69 сол)
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Мӯсо Ҷумъаев Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро (1952) хатм намуда буданд. Дар вазифаҳои декани факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, мудири шуъбаи селексия, генетика ва тухмии пахта ва директори генералии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии зироатчигии Тоҷикистон (1977—1984), мудири озмоишгоҳи таҷрибавии селексия ва тухмипарварии назди Кумитаи давлатии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986), ходими корхонаи олмонии селексияи пахта (1986—1988) кор кардааст. Аъзои Шӯрои координатсионии шуъбаи рустанипарварӣ ва селексия бахши Осиёимиёнагии ВАСХНИЛ ва Шӯрои координатсионӣ оид ба селексия ва тухмипарварӣ ва пахтаи назди Донишкадаи умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии селексия ва тухмипарварии пахтаи ба номи Г. С. Зайтсев буданд. Шаш навъи пахтаи рӯёндаи М.Ҷ.Ҷумъаев (1974—1980) кишт шудаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шуда буданд. Муаллифи бештар аз 80 асари чопӣ мебошанд.

Эзоҳ вироиш