Набӣ Ҷалолов

(Тағйири масир аз Набиҷон Ҷалолов)

Набиҷон Ҷалолов (зод. 27 марти 1956, Ӯротеппа) — коргардони театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006).

Набӣ Ҷалолов

Зиндагинома

вироиш

Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода ва соли 1984 курси коргардонии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Лунарчаскийи шаҳри Маскавро ба итмом расонда, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба ҳайси коргардон фаъолият намуда, якчанд намоишномаро аз қабили «Хандаҳои ашколуд», «Алафҳои бегона», «Афғонписар», «Ба пеш, холаҳо», «Сафар-Махсум дар Қаратоғ» бомуваффақият рӯи саҳна овардааст. Дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ, Театрҳои мусиқӣ-мазҳакавии ш. Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ намоишномаҳо таҳия кардааст.

Аз соли 1991 коргардони тетари миниатюраи «Оина»-и шаҳри Душанбе мебошад. Бо ҳайати эҷодии ин театр бисёр саҳнаю намоишномаро коргардонӣ ва пешкаши бинандагон гардондааст. Дар таҳияи сенарияи ҷашнвораю чорабиниҳои муҳими фарҳангии умумиҷумҳуриявӣ солҳои охир фаъолона иштирок менамояд[1].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Шараф» қадр шудааст.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.