Набот / Наботпазӣ як навъ ширинии болаззати миллӣ мебошад. Он зардчатоби шаффоф буда, аз кристалҳои калон иборат аст.

  • Тарзи тайёркунии набот

Ду ҳисса шакар ва як ҳисса обро (масалан: 10 кг шакар, 5 литр об) ба дег андохта, маҳин-маҳин меҷӯшонанд. Аз он қиём ё шарбат ҳосил мешавад. Шарбатро нағзакак омехта, то пайдо шудани кафк меҷӯшонанду сипас кафкашро мегиранд. Ба шарбат тухм илова менамоянд. Шарбатро боз ҷӯшонида, кафкашро пайваста мегиранд. Баъд дар деги махсус 3-4 қатор ресмони сафедро параллел мекашанд. Нӯгҳои ресмонро дар дег мечаспонанд. Шарбати дар дигар дег ҷӯшидаро ба деги ресмонкашида мерезанд. Баъд аз 1 соат дар рӯи шарбат парда ҳосил мешавад. Дегро бо сарпӯши махсус пӯшонида, 3 шабонарӯз дар ҳамон ҳолат мегузоранд. Дар ин муддат дар атрофи ресмонҳо кристалҳо ба вуҷуд омада, ҳаҷман калон шудан мегиранд. Сипас (баъд аз 3 шабонарӯз) сарпӯши дегро гирифта, шарбати дар дег боқимондаро ба дигар зарф мерезанд ва дар қаннодӣ истифода мебаранд. Наботи ба таги дег часпидаро ҳам истеъмол менамоянд. Шӯшаҳои ба ресмон часпидаро аз дег гирифта, дар рӯи миз мехушконанд ва аз он набот тайёр мешавад. Қувватнокии набот баланд мебошад. Наботро зиёдтар занони таваллудкарда истеъмол менамоянд. Нафарони зиёд дар моҳи шарифи Рамазон наботчой менӯшанд. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки набот шахсро боқувват нигоҳ медорад.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.