Навбатдорӣ (истилоҳоти ҳуқуқ)

Навбатдорӣ - зимни ин мафҳум аз тарафи корманд берун аз вақти корӣ иҷро намудани уҳдадориҳои махсусро, ки хусусияти фаврӣ доранд, меноманд. Навбатдорӣ бо амри корфармо сурат мегирад. Ташкили навбатдорӣ дар корхонаҳо дар рӯзҳои ид, истироҳат танҳо бо машварати мақомоти намояндагии коллективҳои меҳнатӣ сурат мегирад. Тибқи қонунгузории меҳнатӣ ашхосе, ки ба синни 18 нарасидаанд, маъюб мебошанд, инчунин шароити корашон махсусан вазнин ва ба тандурустӣ зараровар аст, ба навбатдорӣ ҷалб карда намешаванд.[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 318