Навбати ворисон (истилоҳоти ҳуқуқ)
Навбати ворисон - тартиби мувофиқи қонунгузории шаҳрвандӣ муқарраршудае мебошад, ки тибқи он меросхӯрон аз рӯйи қонун ба гирифтани мерос даъват карда мешаванд. Меросхӯрони навбати дуюм аз рӯйи қонун танҳо баъди набудани меросхӯрони навбати аввал барои гирифтани мерос ҷалб карда мешаванд, инчунин дар ҳолате ки ҳама меросхӯрони навбати аввал аз ҷониби васияткунанда аз ҳуқуқи мерос маҳрум гардидаанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 318