Наврӯз Қаландаров — филолог, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Қаландаров Наврӯз
Таърихи таваллуд 23 март 1969(1969-03-23) (55 сол)
Зодгоҳ Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Наврӯз Қаландаров хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996) ва аспирантураи он (2003). Солҳои 1996 – 1999 Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, 2000 – 2001 сармутахассиси идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва мактаббачагони Кумитаи кор бо ҷовонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 2006 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМТ (ҳамзамон раиси шӯрои шуъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии Душанбе), 2006- 2009 мудири сектори ташкилии ДДМТ, аз соли 2009 аввал муаллими калон, баъдтар дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Муаллифи зиёда аз 10 рисола ва мақолаҳои илмӣ – методист. Мақолаҳои ӯ : «Нигоҳе ба нақди матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ», «Ду таҳрир дастхати №30», «Махсусиятҳои матни ӯзбекии «Марги судхӯр» – и С. Айнӣ», «Таҳаввули образи Қорӣ – ишқамба дар дастхати №30», «Зарурати тадқиқ ва дараҷаи омӯзиши матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С. Айнӣ», «Нусхаҳои рӯзномавӣ ва маҷаллавии қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ», «Таҳаввули услуби қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ» ва ғ. дар маҷалла ва китобҳои дастаҷамъӣ ба табъ расиданд. Қаландаров Н. с.2004 дар мавзӯи «Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

  • Таърихи матнҳои қаламии қиссаи «Марги судхӯр»– и С.Айнӣ, Душанбе: Деваштич, 2003;
  • Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи «Марги судхӯр» – и С.Айнӣ, Душанбе: Деваштич, 2008[1]

.