Назаршо Бозидов
Назаршо Бозидов (тав. 10. 01. 1930, деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон — 10. 07. 1992, Душанбе), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1960), дотсент (1964). == Зиндагинома == Солҳои 1946–1948 ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи деҳаи Барзуд кор кардааст. Солҳои 1948–1952 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1952–1954 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, 1954–1957 аспирант, 1958–1971 муаллими калон ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, 1974–1986 асосгузор ва аввалин мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1987–1992 ҳамчун дотсенти кафедраи номбурда фаъолият дошт. Ҳамзамон, солҳои 1972–1974 вазифаи муовини декани факултети таъриху филология, 1980–1985 котиби ташкилоти ҳизбии факултети мазкурро дар донишкадаи омӯзгории пойтахт иҷро намудааст. Дар муддати 40 соли фаъолияташ дар донишкадаи омӯзгории пойтахт дар тарбияи ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаи забоншиносӣ саҳми арзишманди худро гузоштааст. Муаллифу ҳаммуаллифи китобҳои дарсӣ ва илмӣ, зиёда аз 50 мақолаҳои илмию публисистӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад. Оид ба пуркунандаи бавосита дар забони адабии ҳозираи тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳими забоншиносӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Хидматҳояш бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон» (1974), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1970), медали «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин, ифтихорномаҳои Вазорати маълумоти олии ИҶШС ва Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Осор
вироишМуқаддимаи забоншиносӣ (Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи тоҷики мактабҳои олӣ), Д., 1977; Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик, Д., 1985; Пуркунандаи бавосита дар забони адабии ҳозираи тоҷик, Д., 2000; Забони адабии ҳозираи тоҷик (барои факултетҳои филологии мактабҳои олии Тоҷикистон, муаллифи қисматҳои «Сифат», «Пайвандак», «Пуркунандаи бавосита»), Д., 1970; Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1, «Фонетика ва морфология» (муаллифи бахши «Пайвандакҳо»), Д., 1981.