Назорати конвенсионӣ
Назорати конвенсионӣ - назорат аз болои мувофиқати ин ё он қонун ё санади маъмурӣ ба шартномаи байналмилалӣ дар ҳайатҳое, ки ба охирӣ нисбат ба қонун ё санад қувваи зиёди ҳуқуқӣ дода мешавад. Чунин равия дар қонунгузории конститутсионии бисёр давлатҳо ҳоло мушоҳида мешавад. Масалан, дар ин хусус дар м.55 Конститутсиян Фаронса с.1958 гуфта шудааст. Қисми 4 м. 15 Конститутсияи Русия с.1993 низ муқаррар кардааст, ки «агар шартномаи байналмилалии Федератсияи Русия нисбат ба қонун дигар қоида муқаррар карда бошад, қоидаи шартномаи байналмилалӣ амал мекунад». Зоҳиран назорати конвенсионӣ бо назорати конститутсионӣ монандӣ дорад, чунки дар ҳар ду ҳолат ҳам сухан дар хусуси мувофиқати санад ба санади болоӣ меравад. Вале фарқият низ вуҷуд дорад. Объекти назорати конститутсионӣ на фақат қонунҳо ва дигар санадҳо, балки шартномаҳои байналмилалӣ низ мебошад. Назорати конвенсионӣ бошад бо ҳаҷми санадҳои тафтишшаванда маҳдуд аст ва оид ба оқибатҳои мувофиқ наомадан низ фарқ дорад. Агар эътироф гардад, ки санад ба Конститутсия мувофиқ нест, пас он беэътибор аст ва татбиқ намегардад. Агар эътироф шавад, ки санад ба шартномаи байналмилалӣ мувофиқ нест, ин ҳанӯз дар ҳар ҳолат беэътибории онро ифода намекунад. Масалан, давлат ин ё он шартномаи бисёртарафаи байналмилалиро тасдиқ кард, ки он баъди аз тарафи шумораи муайяни иштирокчиён тасдиқ намудан ба амал медарояд. Ҳамаи санадҳое, ки ба ин шартномаи байналмилалӣ хилоф мебошанд, то ба амал даромадани ин шартнома амал мекунанд. Ҳамин тариқ, конститутсионӣ будани санад хислати том дорад (ба Конститутсия мувофиқ меояд ё намеояд), санади конвенсионӣ бошад, хислати шартӣ ва нисбӣ дорад (ниг. ба Конститутсионӣ будани қонун).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 320-321