Назорати конститутсионии пешакӣ
Назорати конститутсионии пешакӣ — яке аз намудҳои назорати конститутсионӣ, ки вақти гузаронидани онро нишон медиҳад. Дар адабиёт баъзан назорати эҳтиётӣ ё пешгирикунанда меноманд. Тафтиши мувофиқат ба Конститутсия то эътибор пайдо кардани чунин санад гузаронида мешавад: агар сухан дар хусуси қонуни парлумон қабулкарда равад, пас то тасдиқи он гузаронида мешавад. Назорати конститутсионии пешакӣ нисбат ба назорати конститутсионии баъдина камтар паҳн гаштааст. Он бештар дар низоми назорати марказонидашуда ба кор меояд: дар низоми назорати конститутсионии омехта камтар татбиқ мегардад. Назорати конститутсионии пешакӣ бештар ба назорати конститутсионии беруна тааллуқ дорад; он берун аз мақомоти санадро қабулкарда ба амал бароварда мешавад. Мисоли хоси назорати конститутсионии пешакӣ таҷрибаи Шӯрои конститутсионии Фаронса дар мавриди санадҳоест, ки парлумон қабул мекунад (қонунҳои органикӣ ва одӣ, дастури палатаҳои парлумон, шартномаҳои байналхалқӣ, ки ҳокимияти иҷроия бастааст ва ба тасдиқ пешниҳод шудаанд). Меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузорӣ одатан муҳлати пешниҳоди мулоҳизаи мақомоти назорати конститутсиониро оид ба санади ба ӯ додашуда муайян мекунанд, Масалан, мувофиқи м.61 Конститутсияи Фаронса с.1958 барои қабули қарори Шӯрои конститутсионӣ - як моҳ, дар ҳолати таъҷилӣ эълон кардани ҳукумат - муҳлати 8 рӯз муқаррар карда шудааст. Моддаи 278 Конститутсияи Португалия барои қабули қарори Суди конститутсионӣ - 25 рӯз муқаррар кардааст, вале ба Президенти ҷумҳурӣ бо сабаби таъҷилӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки онро кӯтоҳ намояд. Назорати конститутсионии пешакӣ якчанд бартарӣ дошта, имкон медиҳад қонунҳое эҷод шаванд, ки конститутсионӣ будани онҳо санҷида шудааст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 322-323