Назорат — яке аз шаклҳои фаъолияти мақомоти гуногуни давлатӣ оид ба таъмини қонуният мебошад. Чунин навъҳои назорат, ба монанди назорати судӣ, назорати конститутсионӣ, назорати прокурорӣ, намудҳои гуногуни назорати маъмурӣ аз якдигар фарқ доранд. Дар забони тоҷикӣ ибораҳои русии «надзор» ва «контроль» ба як мазмун ҳамчун назорат истифода мешаванд. Чанде пеш ибораи назорат (контроль) дар мазмуну шаклҳои гуногун ба кор бурда мешуд. Масалан, назорати идоравӣ, назорати давлатӣ, назорати халқӣ, назорати ҷамъиятӣ, назорати ҳизбӣ-давлатӣ, назорати махсус ва ғайра. Дар ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ мазмун ва таъиноти назорати конститутсионӣ, назорати давлатӣ ва назорати идоравӣ омӯхта мешаванд.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 319