Назришо Латипов
Латипов Назришо (тав. 25. 03. 1930, ноҳияи Қалъаи Хумб – ваф. 30.05. 2003, шаҳри Душанбе), номзади илмҳои таърих (1957), дотсент ( 1968).
Зиндагинома
вироишСоли 1951 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1952–1955 аспиранти назди кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи номбурда, 1955–1956 ҷонишини шуъбаи таблиғу ташвиқи Комитети ҳизби коммунистии шаҳри Сталинобод, 1957–1960 директори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, 1961–1969 сарвари гурӯҳи лекторони шуъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон, 1969–1971 директори Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогии ҶШС Тоҷикистон, 1971–1996 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев оид ба шуъбаи шабона ва дотсенти кафедраи таърихи сиёсии донишгоҳи мазкур буд. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ аст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Нишони фахрӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1964) сарфароз шудааст.
Осор
вироишК вопросу о социальных отношениях в Дарвазском бекстве накануне установления советской власти // Ученые записки Кулябского пединститута им. Рудаки, Д., 1957, вып. 3; Экономическое состояние Дарвазского бекства и основные занятия его населения // Ученые записки Кулябского пединститута им. Рудаки, Д., 1958, №4.