Най (сози мусиқӣ)

(Тағйири масир аз Най)

Най ( порсӣ : نی/نای ; арабӣ : ناي ; туркӣ : ney ; инчунин nai, nye, nay, gagri tuiduk , ё карғи туидук ) як найи интиҳоист, ки дар мусиқии Ховари Миёна ҷойгоҳи намоён дорад. Дар баъзе аз ин анъанаҳои мусиқӣ, он ягона асбоби нафасӣ истифода мешавад.

Намудҳои най дар осорхонаҳои миллии Миср ва Осака, Ҷопон

Аз қадим байни мардуми эронинажод машҳур аст. Дар кишварҳои Араб мизмар меноманд. Найро аз чӯб, филиз месозанд. Кутраш 3-4см, дарозиаш 40-60. Дарозии сурох дорад, ки барои дамидани бод истифода мешавад. Бар танаи най шашто сурох мешавад, ки онҳо барои тағир додани овоз ё лаҳн ба кор мераванд. Тавасути фишори сахту сусти дамидани бод ва маҳкам намудани сурохҳо ба ангуштон аз он ба миқдори 3 октава садои оҳанге ҳосил мегардад. Сурохе дар тарафи муқобил дорад,ки онро бо ангуштони дасти чап мепушанд.

Нигаред вироиш