Найрангбозӣ — як навъи сирки халқии тоҷикист, ки аксар ҳангоми сайрҳо ва туйҳои калон намоиш дода мешавад. Найрангбозҳо ҳаргуна амалиёти ғайриоддӣ мекардаанд. Чунончи онҳо аз даҳонашон оташ мебароварданд ё худ коғазпораҳоро фурӯ бурда, баъд ба ҷояш танга мебароварданд, ё ин ки кадуи холиро нишон дода сипас ба замин мегузоштанд.