Намози қаср (ар. قصر الصلاة‎ — намози кӯтоҳ) — намозе аст, ки мусулмонон дар сафар фарзҳои чаҳорракъатиро ду ракъат, яъне қаср (кӯтоҳ) ба ҷо меоваранд.

Тарзи хондани намози қаср

вироиш

Намозгузор бояд дар сафар фарзҳои чаҳорракъатиро ду ракъат, яъне қаср (кӯтоҳ) ба ҷо оварад, ба шарти он ки аз шаҳр ё деҳаи худ берун омада ва қасд кунад, ки фосилаи роҳи серӯзаро мепаймояд. Дар паймудани роҳи серӯза ҳаракати миёнаҳолу одӣ, на шитобу тезӣ ва сусту оҳистагӣ дар назар гирифта шудааст. Дар хушкӣ сайри пиёдарав ё шутур миёнаҳол ба шумор меравад. Дар кӯҳҳо миқдоре, ки муносиб ба роҳ рафтан дар он аст ва дар дарё ҳаракати киштӣ дар ҳоли мӯътадил будани бод эътибор карда мешавад.

Масофае, ки намоз қаср хонда мешавад

вироиш

Масофае, ки бо сайр (паймоиш)-и шахси миёнаҳол дар муддати се рӯз паймуда мешавад, агар онро ба василаи асп, мошин, қатора (поезд), ҳавопаймо ё дигар васоили нақлияи имрӯза тай намояд ва дар муддати андаке бипаймояд ҳам, намозҳояшро қаср (кӯтоҳ) мехонад.

Мусофир то вақте намозҳояшро қаср мехонад, ки боз ба шаҳри худ дохил шавад ва ё ин ки муддати понздаҳ рӯз дар як шаҳр ва ё деҳае нияти иқомат намояд. Дар бораи камтарин муддате, ки нияти иқомат дар он дуруст мегардад, дар миёни мактабҳои фиқҳӣ назарҳои гуногуне вуҷуд дорад. Исҳоқ бо истинод ба ҳадиси Ибни Аббос (р) камтарин муддати нияти иқоматро дар сафар нуздаҳ рӯз ва Авзоъӣ дувоздаҳ рӯз медонад. Имом Молик (рҳ), имом Шофеъӣ (рҳ) ва имом Аҳмад (рҳ) камтарин муддати нияти иқоматро чор рӯз гуфтаанд. Суфёни Саврӣ ва бузургони аҳноф онро понздаҳ рӯз эътибор кардаанд. Аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки: «Касе понздаҳ рӯз нияти иқомат намояд, намозҳояшро пурра бихонад»[1]. Пас агар нияти иқоматро дар муддати понздаҳ рӯз дар ду шаҳри гуногун кунад, намозашро қаср мехонад.

Хайманишинон метавонанд дар саҳро ва биёбон нияти иқомат намоянд. Коргарон ва ҳайати идории (экипажи) киштиҳое, ки ҳамеша дар ҳоли мусофиркашонӣ ва ё боркашонию мусофират ҳастанд ва бо аҳлу аёли худ дар ҳуҷрае аз он ба сар мебаранд, он киштӣ ба манзалаи хонаи онҳост, намозро доим пурра мегузоранд, ба монанди саҳронишинони кӯчманчӣ. Вале агар дар берун хона дошта бошанд ва гоҳ-гоҳе ба он баргарданд, дар ин сурат дар тамоми муддате, ки дар сафар ҳастанд, намозҳояшонро қаср мехонанд.

Ҳар гоҳ лашкари ислом дохили сарзамини душман гардад ва ё дар мавзеъе боғиёнро (саркашоне, ки бар имоми мусалмонон зид баромадаанд) муҳосира намояд, намозашонро қаср мехонанд, ҳарчанд нияти иқомат ва мондан дар он ҷоро дар муддати понздаҳ рӯз ва ё бештар аз он карда бошанд.

Мусофире, ки нияти иқомат ва боқӣ мондан дар як ҷоро ба муддати понздаҳ рӯз надошта бошад, намозашро қаср мехонад, ҳарчанд солҳо дар ҳоли мусофират ба сар барад.

Барои мусофир қаср хондани фарзҳои чаҳорракъатӣ (пешин, аср ва хуфтан) воҷиб аст ва набояд онро пурра бихонад. Агар онро пурра хонад, яъне ҳар чаҳор ракъати онро хонад, намозаш ба шарти он ки дар қаъдаи аввал нишаста бошад, дуруст аст. Танҳо ин ки чун тарки воҷиб намудааст, гунаҳкор шуда, намозаш макрӯҳ хоҳад буд ва ду ракъати он нафл ҳисоб мешавад. Вале агар дар қаъдаи аввал нанишаста бошад, намози фарзаш ботил мегардад ва бояд онро аз сар хонад[2].

Ҳар гоҳ мусофир дар намози вақтӣ ба муқим иқтидо кунад, намозашро бо пайравӣ аз имоми муқим пурра мехонад, вале дар ғайри намози вақтӣ, яъне дар намозҳои қазоӣ, иқтидо кардани мусофир ба муқим ҷоиз нест.

Иқтидои муқим ба мусофир, чӣ дар намозҳои вақтӣ ва чӣ дар ғ.-и он, саҳеҳ аст. Аммо мусофир, вақте имом мешавад, бояд ба муқтадии муқим хабар диҳад, ки «ман мусофир ҳастам, шумо намозатонро пурра намоед» ва баъд аз он ки имоми мусофир дар ракъати дуюм салом медиҳад, муқим бархоста, намозашро пурра намояд.

  1. Сунани Тирмизӣ, 548). Аз Ибни Аббос (р) низ ривояте ба ҳамин маъно дар Ҷомеъулмасониди Абӯҳанифа (404: 1) омадааст. Ин ривояти Ибни Умар (р) ва Ибни Аббос (р)-ро Зайлаъӣ дар «Насбу-р-роя», Ибни Ҳаҷар дар «Дироя», (С. 129), Айнӣ дар «Умда», (Ҷ. 3. – С. 530), Шавконӣ дар «Найл», (Ҷ. 3. – С. 85) ва Зарқонӣ дар шарҳи «Муваттаъ» таъйид намудаанд. (Эълоу-с-сунан. – Ҷ. 3, бахши 3. – С. 299)
  2. Сунани Тирмизӣ, шарҳи ҳадиси 548

Сарчашма

вироиш
  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе—2017