Намояндагии табақотӣ
Намояндагии табақотӣ - усули ташкили ҳокимияти намояндагӣ, ки мувофиқи он вакили муассисаи намояндагӣ на ҳамаи аҳолии мамлакат ё қисми ҳудуди онро, балки гурӯҳҳои иҷтимоии пӯшида - табақаро намояндагӣ мекунад, ки аз ин вакилон бевосита интихоб (ё таъйин) мегарданд. Намояндагии табақотӣ таърихан аввалин низоми намояндагӣ буд. (дар Аврупои Ғарбӣ якумин монархияҳои намояндагӣ-табақотӣ ҳанӯз дар садаи XII пайдо гардида буданд) ва дар бисёр мамлакатҳои Аврупо то аввали асри XX то ба намояндагии миллӣ ҷойи худро супурдан амал мекарданд. Дар айни вақт намунаи намояндагии табақотӣ, масалан, палатаи лордҳои парлумонӣ Англия мебошад, ки дар он лордҳои меросй ва фардй, дунявӣ ва рӯҳонӣ, яъне намояндагони дворянҳо ва рӯҳониён ҷаласа мегузаронанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 326