Намояндагони кормандон

Намояндагони кормандон - намояндагони кормандон дар ташкилотҳо ашхосе мебошанд, ки аз тарафи мақоми меҳнаткашони корхонаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд. Намояндагӣ аз манфиатҳои кормандон аз муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи манфиатҳои онҳоро иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳо дар ташкилотҳо, дар мақомоти аз тарафи кормандон интихобшуда ба амал бароварда метавонанд. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён қонун, созишномаҳо, созишномаҳои коллективӣ муайян менамоянд. Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, манфиати кории кормандонро ҳимоя мекунанд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 328